Гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Ватан оварда шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз гурӯҳи навбатии 117 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба Лаҳистон ворид гардида буданд, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар натиҷаи амали намудани ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 11 март 303 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занону пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргаштанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, субҳи имрӯз, 11 март бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон 186 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта буданд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, аз ҷониби кормандони Сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз тарафи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






