«Корвони китоб-2022» ба 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳаракат мекунад

Март 8, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷониби ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 12 март ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва расонидани кумакҳо ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар  15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи тақдими китобҳо ҷараён мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумуҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имсол Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг бо мақсади мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо дар доираи маблағҳои ҷудошуда китобҳои тозанашр харидорӣ намуд. Сафари корвон аз ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуда, 545 нусха китоб ба маблағи 14337,52 сомонӣ ба китобхонаҳои ноҳия ройгон тақдим шуд.

Тибқи нақша, сафари «Корвони китоб-2022» ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доир шуда, то ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома меёбад.

 

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Март 8, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид