Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср

Март 10, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 март маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз гардид.

Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Қасри Иттиҳодия бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Дар майдони назди Қасри Иттиҳодия горди фахрӣ саф ороста буд.

Дар маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд. Чорабинӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Миср анҷом ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср 10.03.2022

Март 10, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд