ОБУ ҲАВО: Аз 11 то 15 март дар Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво боқӣ мемонад

Март 11, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11-15 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, бориш (дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон-барф), дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат борида, раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. 12-13 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши пуршиддат дар назар аст. 11 ва 13 март дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хавфи сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест ва дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 13+10   дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар

Март 11, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд