Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

Март 21, 2022 08:16

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳраки Балхи ноҳия бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 26 метрро дар бар мегирад.

Гирду атрофи иншооти нав сабзкорӣ гардида, дар ин ҷо гулу буттаҳои ороишӣ шинонидаанд, ки муҳити атрофро зебу зиннат медиҳанд.

Ҳамчунин роҳрав ва ҳудуди иншоот сафолакпӯш гардида, бо шаклу услуби хос чароғон гардонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки майдони Нишони давлатӣ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд карда шуда, барои доир намудани иду ҷашнҳо, сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия имконияти мусоид фароҳам гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода супоридани майдони Нишони давлатӣ ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми наҷибонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки ба хотири ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ доштани атрофи иншоот пайваста чораҳои зарурӣ андешанд.

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21.03.2022

Март 21, 2022 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон