Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯйи Муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бардоштанд

Март 21, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин — Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буд.

Муҷассамаи шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик 17 метр баландӣ дорад.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи олим ва файласуфи оламшумули тоҷик Мавлоно Балхиро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоён ва қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки бузургтарин асари Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 шурӯъ намуда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гаштааст. “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат буда, 25 ҳазору 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборатанд.

Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Эҷодиёт ва осори ба меросгузоштаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, аз таълифоти муҳими адабиёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳудуди Маҷмааи варзишӣ ва гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати умумии 3,75 гектар кабудизору гулкорӣ шуда, ба макони зебои истироҳату фароғати бошандагони ноҳияи Балхӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо беш аз 200 ҳазор гули лола, 60 ҳазор гули садбарг, зиёда аз 600 дарахти гуногуни ҳамешасабз ва ороишӣ, аз ҷумла, каштану навъҳои мухталифи арча шинонида шудааст, ки намои гулгаштро хеле зебо мегардонад.

Насби чароғакҳои гуногун ва фаввораҳо ба ҳусни гулгашт зебогии дигар зам кардааст, ки барои сайру гашти шабонгаҳ имконияти хуберо фароҳам меорад.

Аз он ки иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Балх-сарҳади Афғонистон ҷойгир аст, макони тамошобобе барои сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамовардаи истироҳату фароғат, ба масъулин ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, анҷом додани корҳои созандагӣ ва гулистон намудани як ҷойи ноободро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хонданд.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муазазми худро сармашқи кори худ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ бо густариши корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистон хоҳанд гузошт.

Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ 21.03.2022

Март 21, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд