Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдони Парчами давлатиро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маҷмӯаи варзишӣ ва иншооти таъиноти гуногун, ки дар майдони 25 гектар замин бунёд карда шудааст, ба истифода супориданд.
Сипас дар ҳаминҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад.
Саҳни майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, роҳрав ва сутунпояи ин муқаддасоти миллӣ бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.
Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ, намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд, баҳои баланд доданд.
Майдони Парчами давлатӣ барои сайру гашт, истироҳати сокинону меҳмонон рӯзона ва шабона, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохтани Парчами давлатӣ баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин собитгари гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллати тоҷик буда, дар бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии сокинон нақши ниҳоят бориз дорад.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






