Тоҷикистон ва АБР оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 созишнома имзо карданд

Март 15, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 март маросими  баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкурро Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он 31 июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи лоиҳа таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, арзиши умумии он  дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ 17,9 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки ба 25 млн доллари амрикоӣ баробар буда, барои маблағгузории қисмҳо (компонент)-и зерини Лоиҳа равона мегардад:

Қисми 1 -Тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии COVID-19. Барои амалисозии қисми мазкур 24,26 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки он барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ, доруворӣ, маводи масрафшаванда ва рушди инфрасохтори хизматрасонии соҳаи тандурустӣ масраф карда мешавад.

Қисми 2 — банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа. Дар ин самт 0,16 млн доллари амрикоӣ барои дастгирии чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди пандемия ва ваксинатсияи зидди COVID-19, коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии марбут ба қабул накардани ваксина ва пахши иттилоот тавассути роҳҳои мухталифи алоқа ба нақша гирифта шудааст.

Барои қисми 4 — амалисозӣ ва мониторинги Лоиҳа 0,58 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он амалисозии тадбирҳои иловагии дастгирии соҳаи иммунизатсия, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа, идоракунии молиявӣ, нигоҳдории ҳайати кормандони ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини фаъолияти Лоиҳа анҷом дода мешавад.

 

АКС: Вазорати молияи ҶТ

Март 15, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид