ЗАНИ АНГУРПАРВАР. Дар шаҳри Турсунзода 51 хоҷагии деҳқониро бонувон роҳбарӣ менамоянд

Март 7, 2022 11:07

ТУРСУНЗОДА, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки «Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад».  

Ин суханҳои неки Сарвари давлатро модари ҳафт фарзанд Одинахон Оразалиева сармашқи зиндагии хеш қарор дода, дар баробари мардон касби аз ҳама пурбаракату бомашаққат- ангурпарварию  кишоварзиро интихоб намудааст. Модар аз ҳисоби меҳнати ҳалолу  обилаҳои кафи даст 6 духтару як писарро соҳиби касб ва  дар рӯҳияи ватандӯстию мардонагӣ тарбия карда, бо дуои неки модарона ба  рӯзгори мустақилона гусел намудааст.

Дар арафаи Рӯзи Модар тасмим гирифтем, ки дар бораи ин зани қавиирода, меҳнаткаш, деҳқони асил ва сарвари хоҷагӣ- Одинахон Оразалиева, ки бо вуҷуди зани танҳо будан ҳафт фарзандро тарбия намуда, ризқу рӯзиашро бо меҳнати ҳалол аз замин пайдо намудааст,  ба хонандагони сомона маълумот пешкаш намоем.

Одинахон Оразалиева 1 июли соли 1963 дар деҳаи Ҷурақул Шукурови Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна бо Муҳаммаддовуд Оразалиев оиладор шуда, зиндагии хурсандона доштааст. Ӯ мегӯяд, ки нозукиҳои касби ангурпарварию кишоварзиро аз шавҳари вафодораш омӯхтааст. Шавҳараш, ки кишоварзи асил буд, бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар масоҳати қариб 10 гектар хоҷагии деҳқонии  «Усмон» ташкил намуд.  Мутаассифона, умр ба ӯ вафо накарду пас аз фавташ 12 нафар саҳмдорони хоҷагӣ завҷаи меҳрубонаш Одинахонро раиси хоҷагии деҳқонии «Усмон» таъйин намуданд.

Одинахон Оразалиева гуфт, ки «ҳарчанд роҳбари хоҷагӣ будан барои зан мушкил ҳам бошад, вале мардонавор бо кумаки  саҳмдорону хешутабор ва фарзандони азизам ба фаъолият пардохтам. Хурсандии мо, кишоварзон- ин ҳосили фаровон ба даст овардану таъмин намудани бозори истеъмолии мардум бо сабзавоту ангур мебошад, ки дар ин роҳ мо муваффақем.  Дар 7 гектар замини хоҷагӣ ангури навъҳои ҳусайнии сиёҳу сафед ва шоҳона парвариш мекунем, ки аз ҳар гектари он соли 2021 аз 15 то 18 тонна ангур истеҳсол намудем. Ҳамчунин дар қисми дигари заминҳои хоҷагӣ қулфинай ва пас аз кишти гандум ба сабзавоткорӣ машғул мешавем. Пас аз гирифтани ҳосили гандум бештар  карам, гулкарам, бодирингу помидор кишт менамоем. Ҳамчунин дар 5 сотих замин гармхона бунёд намудаем, ки дар фасли зимистон низ соҳибкорон маҳсулоти истеҳсолкардаи моро ба бозорҳои ҷумҳурӣ мебаранд».

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд: «Ман ва дигар занони соҳибкору кишоварз аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, ки барои мо беҳтарин шароити зиндагию соҳибкориро муҳайё намудаанд. Мо бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тинҷию амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро фароҳам овардаанд, бирасем ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат содиқонаю холисона хизмат намоем. Имрӯз мо шукргузор аз онем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи моро соҳибкорони тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз сари замин харида мебаранд».

Ба гуфти ин зани кишоварз, имрӯзҳо барои деҳқонони шаҳри Турсунзода беҳтарин шароити фаъолият муҳайё гардидааст, ки деҳқон метавонад маҳсулоташро аз сари замин яклухт мефурӯшад ва ё барои хариди маҳсулоти истеҳсолкардааш миёни соҳибкорон рақобат мешавад.

Муовини раиси Ҷамоати Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Ҷамила Бойматова изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҷамоати мазкур 376 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 51 хоҷагии деҳқониро бонувон роҳбарӣ менамоянд. Ин 51 нафар зани роҳбар дар баробари мардон дар рушди соҳаи кишоварзии ҷамоат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзию ангур  барои таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд.

 

АКСҲО: АМИТ  «Ховар»

Март 7, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад