ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст

Апрель 27, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба макони писандидаи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Боғи мазкур баъд аз навсозӣ (2019) симои комилан дигар гирифта, масоҳати умумии он 9 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди он ду майдончаи варзишии замонавӣ сохта шуда, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон ба мардум хизмат мерасонанд.

Беш аз 4 гектар замини  ҳудуди боғ сабзазор буда, дар он  240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабзи аз хориҷи мамлакат овардашуда шинонида шудааст. Дар боғ  садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонда шуда, барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшидаанд.

АКС: МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Апрель 27, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Бунёдгузору бунёдсози «Роғун» — Кохи бузурги нури Тоҷикистон
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ! Дар истироҳатгоҳи «Гулхан» мактаббачагон ба бозиҳои шавқовари варзишӣ ҷалб шудаанд
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР». Дар роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гулгашти назди Сирки давлатӣ
НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Иштирокдорони Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай аз НБО-и «Роғун» дидан намуданд
ЗОДАГОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории он дар Душанбе суратгузориш омода намуд