Ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди АБ ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ тарҳи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои узви ИДМ баррасӣ гардид. Лоиҳаи мазкур муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро, ки дар доираи ИДМ баста шудаанд, амалӣ намуда, ба рушди минбаъдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва гирифтани патент нигаронида шудааст. Илова бар ин, аъзои Шӯрои коршиносон лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин лоиҳаи тавсияҳо оид ба муносибатҳои ҳамоҳангшуда, ташаккул додани системаи таълими муосири фармасевтиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа аз кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин масъалаҳо оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи дарозмуддати таҳияи қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 дар соҳаи илм ва маориф, муҳокимаи чорабиниҳои барои соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда бо иштироки аъзои коршиносонро мавриди омӯзиш қарор доданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






