Ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди АБ ИДМ баргузор шуд

Апрель 5, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ тарҳи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои узви ИДМ баррасӣ гардид.  Лоиҳаи мазкур муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро, ки дар доираи ИДМ баста шудаанд, амалӣ намуда, ба рушди минбаъдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва гирифтани патент нигаронида шудааст. Илова бар ин, аъзои Шӯрои коршиносон лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин лоиҳаи тавсияҳо оид ба муносибатҳои ҳамоҳангшуда, ташаккул додани системаи таълими муосири фармасевтиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни ҷаласа аз кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин масъалаҳо  оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи дарозмуддати таҳияи қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 дар соҳаи илм ва маориф,  муҳокимаи чорабиниҳои барои соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда бо иштироки аъзои коршиносонро мавриди омӯзиш қарор доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд