Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ баррасӣ гардид

Апрель 29, 2022 13:43

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ» конфронси маҷозии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта, мавзӯи баррасишавандаро муҳим ва арзишманд арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистон ва Узбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, ҳифзи захираҳои обӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироати оби кам талабкунанда, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об, махсусан усули қатравӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра ҷиҳати истифодаи оқилонаи об хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Зарур аст, ки дар Тоҷикистону Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди истифодаи оқилонаи обро дар Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориро дар ин самт муҳим донистанд.

Конфронси маҷозии байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуданд.

Акс: МТС ҶТ

Апрель 29, 2022 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд