Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд

Апрель 8, 2022 11:31

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷоизаи мазкур хабар доданд.

Дар бахши адабиёт романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нӯҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ дода шуданд.

Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода ба бахши театр ва синамои озмун роҳ ёфт. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.

Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба озмун роҳ дода шуд.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ ёфтанд.

Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон иштирок менамояд.

Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром – «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол ба озмун роҳ дода шуданд. Тарҷумаи ин асарҳо   аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Узбекистон пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур бо қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, инчунин қарорҳои бахшҳо ба озмун роҳ дода шуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2022 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо