Қазоқистон нақша дорад нисбат ба содироти ғалла ва орд маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудияти муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «Казинформ» хабар медиҳад, дар ин бора Вазири кишоварзии кишвар Ербол Карашукеев иттилоъ дод.
«Масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти ғалла ва орд баррасӣ мешавад»,- зикр намуд ӯ ба рӯзноманигорон дар ҳошияи як соати ҳукуматӣ дар маҷлиси (палатаи поёнии) парламенти кишвар.
Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир ба он вобаста аст, ки истеҳсолкунандагони маҳаллӣ «намехоҳанд ба осиёббонон ғалла фурӯшанд».
«Федератсияи Русия содироти ғалларо манъ кард, мо вазъиятро медонему онро зери назорат мегирем. Меъёри миқдори ғаллагии мо барои субҳи имрӯз мусбат аст ва мусбат хоҳад шуд. Мо барои бозори дохилӣ ба қадри кофӣ захира дорем… барои содирот боқӣ мемонад. Дар сатҳи ҳаҷми миёнаи солона. Содиркунандагон намехоҳанд ба бозори дохилӣ фурӯшанд, онҳо интизори боло рафтани нархи содирот ҳастанд», — шарҳ дод вазир.
«Агар мо нархи биржаҳоро гирем, мебинем, ки ҳама чиз рӯз то рӯз афзоиш хоҳад ёфт», — зикр намуд роҳбари Вазорати кишоварзӣ.
«Мо ҳамаро мебинем, хабарҳоро мехонем, медонем, ки нархҳо дар ҷаҳон боло мераванд. Агар нархи биржавиро гирем, мебинем, ки ҳама рӯз то рӯз боло меравад. Ба ин хотир дар байни корхонаҳои орд коркардкунанда ва исеҳсолкунандаи ғалла якчанд нофаҳмиҳо ба назар мерасанд. Маҳдудияти дахлдор (барои содирот) ҷорӣ карда мешавад ва онҳо бояд як қисми муайянро ба бозори дохилӣ фиристанд», — иброз намуд вазир.
Дар зимн Карашукеев санаи мушаххаси ҷорӣ кардани маҳдудиятро зикр накард.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2021 ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Табодули мол дар ин давра кариб 30 фоиз афзуд. Дар ҳамин ҳол, беш аз 820 миллион доллар ба воридоти мол аз Қазоқистон рост меояд — Тоҷикистон ба маблағи 360 миллион доллар маҳсулот содир мекунад. Яъне, соли 2021 Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 1 миллион тонна гандум ва орд фурӯхтааст.
АКС аз манбаъҳои боз/ Коллаж: agbz.kz








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






