Қазоқистон содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдуд мекунад. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Қазоқистон барои содироти ғалла ва орд маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намуданист, ки ин ба хотири ҳифзи бозори дохилии он мебошад. Бояд гуфт, ки гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90 фоиз) ва Русия ворид карда мешаванд. Соли гузашта бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардид, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад.
Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев ба хабаргузории «Казинформ» гуфтааст, ки «Федератсияи Русия содироти гандум ва ғалларо муваққатан манъ кард. Мо ин вазъиятро медонем ва онро зери назорат мегирем. Меъёри миқдори ғаллаи мо имрӯзу пагоҳ мусбат аст ва мусбат хоҳад шуд. Ғаллаи мо барои истеъмол дар бозори дохилӣ кофист, барои содирот ҳамоно дар сатҳи ҳаҷми миёнаи солона кофӣ хоҳад буд».
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон соли 2021 ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил додааст. Муомилоти мол дар ин давра тақрибан 30 фоиз афзуд. Дар ҳамин ҳол, беш аз 820 миллион доллар ба воридоти мол аз Қазоқистон рост меояд — Тоҷикистон ба маблағи 360 миллион доллар маҳсулот содир мекунад, яъне соли 2021 Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 1 миллион тонна гандум ва орд фурӯхтааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо (гандум ва ҷав) ба ҳолати 1 январи соли равон 170 189 гектарро ташкил медиҳад. Кишти баҳории ғалладонагӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 114 657 гектарро ташкил дода, то 1 апрели соли равон дар 72 520 гектари он кишт гузаронида шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, то 10 октябри соли 2021 дар мамлакат 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад. Талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд ҳудуди бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз 1 тонна гандум вобаста ба навъи он мутаносибан аз 500 то 900 килограмм орд истеҳсол карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси гузаштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки «барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имконият истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи мавриди ниёзи аввал пурра таъмин намоянд».
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ба саволи он ки чаро дар бозори дохилии худи Қазоқистон низ нархи орду гандум боло рафт, Вазири кишоварзии Қазоқистон Ерболш Карашукеев чунин посух дода буд: «Азбаски гандум ва орд маҳсулоти содиротшаванда мебошанд, нархи ин маҳсулот аз конъюктураи (вазъи нархи молу маҳсулот аз рӯи талабот ва пешниҳод. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад».
Бино ба суханони Пешвои миллат, «аз сабаби хушксолӣ дар аксар манотиқи ҷаҳон, пандемияи коронавирус, афзоиши хароҷоти кишоварзон ва ба ин сабаб болоравии арзиши аслии маҳсулот ФАО (FAO — ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ. Тавзеҳи АМИТ «Ховар») низ баландшавии нархи орду гандумро дар соли равон пешгӯӣ намуда буд».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд






