Ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» тақдим гардид

Апрель 19, 2022 16:16

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ”, ки бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз аст, тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Бо дастгирии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Шуғнон як адад нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ҷудо гардид ва он аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар фазои тантанавӣ ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъа супорида шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон зимни супоридани нақлиёти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос  намуда, ҳамзамон зикр кард, ки нақлиёти тақдимшуда барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия ва дигар эҳтиёҷмандон пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад.

Мавриди зикр аст, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст.

АСКҲО: МИҲД-и н. Шуғнон

Апрель 19, 2022 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад