БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум ба истифода дода мешавад

Апрель 28, 2022 08:23

ХОРУҒ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳсозони ватанию хориҷии ширкати Чайна-Роуд даҳаи дуюми моҳи апрел бо истифода аз ҳавои мусоид дар роҳи байналмилалии Шкев-Қалъаихум мумфарш намудани қабати дуюми шоҳроҳро дар километри 38-уми қитъаи Шкев-Зиғар аз даромадгоҳи деҳаи Зиғар то Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳия бо ғафсии 5 см ва паҳноии 8 метр шурӯъ намуданд. Механизму техникаи муосир ба роҳсозон имконият дод, ки давоми ду ҳафта 10 километри ин қитъаи роҳро тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ асфалтпӯш намоянд, гузориш дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Мумфарш намудани қабати дуюми роҳ дар айни ҳол дар километри 27-уми қитъаи Шкев-Зиғар бо суръати баланд идома дошта, масъулину мутахассисони лоиҳа ҳар замон ба сифати корҳои анҷомдода таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, то роҳи мазкур муддати тӯлонӣ сифаташро дигар ва барои ронандагону мусофирон мушкил эҷод накунад.

Мутахассиси ширкати муттаҳидаи муҳандисии «Хатиб Алами» Абдулло Аломари гуфт, ки “навсозии қитъаи 38-километраи роҳи Шкев-Зиғар мутобиқи дастуру роҳнамои Роҳбарияти олии мамлакат соли 2003 шурӯъ гардид ва бо харҷи бештар аз 31 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкатҳои роҳсозии ватанӣ ва ширкати туркии “Ояк-Иншаат” моҳи ноябри соли 2005 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода гирифта буд. Давоми 17 соли охир ронандагону мусофирон бе ягон монеа ва мушкил аз ин роҳ убур мекарданд”.

Роҳсозони ватанию хориҷӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки бунёду навсозии роҳу пулҳоро дар ин қитъаи роҳ бо суръат ва сифати хуб ба анҷом расонида, дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд