БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешавад

Апрель 7, 2022 16:01

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вужи Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррухшо Мирзоҷалолов тарабхона бунёд гардида истодааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

7 апрел зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Вер раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз ҷараёни бунёди тарабхонаи  мазкур дидан намуд.

Бинои мазкур дар зарфи се сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда,  аз 2 ошёна, таҳхона, ошхона ва тарабхона иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Мутобиқи нақша, бинои тарабхона пас аз як моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дохили толори тарабхонаи навбунёд бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, санъати баланди меъмории миллиро ба меҳмонон, хосса сайёҳон муаррифӣ менамояд.

Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам меорад, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.

 АКС: МИҲД-и н.Шуғнон

Апрель 7, 2022 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд