БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Ҳисор маркази муҳташами савдою хизматрасонӣ бунёд мешавад

Апрель 3, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор маркази муҳташами савдою хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки  Маркази савдою хизматрасонӣ  бо саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ, бародарон Сатторовҳо бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.

Соҳибкорон тасмим гирифтаанд дар арафаи ҷашнҳои қарибулвуқӯъ корҳои сохтмониро дар иншоот анҷом бахшида, ба муносибати 35-солагии ҷашни истиқлол бинои хуштарҳу замонавиро пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни сафари  корӣ дар Ҷамоати деҳоти Сомон  бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки аз хориҷи кишвар зинаҳои равон (эскалатор) дастрас шуда, айни ҳол насбу васли онҳо идома дорад. Бунёд ва ба истифода додани чунин марказҳои савдою  хизматрасонӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, балки фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист мусоидат менамояд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 3, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард