Ба Тоҷикистон 3 адад дастгоҳи рентгении портативӣ барои гирифтани аксҳо дар шароити кӯҳсор дастрас гардид
ДУШАНБЕ 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои гузаронидани аксҳои рентгенӣ дар шароити кӯҳсори мамлакат 3 адад дастгоҳи рентгении портативӣ дастрас гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дастгоҳҳои муосир метавонанд дар самти дарёфт ва табобати бемории сил нақши муҳим бозанд.
Дастгоҳҳои мазкур аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Зимни тақдими дастгоҳҳои мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ба ҷониби USAID баҳри дастгирии соҳа, хосатан дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил дар мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҳурия Ҳисомова зимни баргузории машварати омӯзишӣ зикр намуд, ки «имрўзҳо бо талоши Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон шумораи гирифторони бемории сил нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Бемории сил табобатшаванда буда, сабаби асосии паҳншавии он паст будани маълумотнокӣ дар бораи беморӣ, сари вақт муроҷиат накардани бемор ба муассисаҳои табобатӣ ва тамғагузорӣ нисбат ба ин беморӣ мебошад».
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






