Ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Сертификати беҳтарин гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Душанбе вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сардори шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) Родора Консепсиён баргузор шуд, ки зимни он масъалаи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» баррасӣ гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд, зимни вохӯрӣ аз ҷониби Родора Консепсиён ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода барои бомуваффақият татбиқ ва анҷом додани лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» Сертификати беҳтарин гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ А. Абдураҳмонзода ба намояндаи БОР марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ»-ро барои маблағгузорӣ шудан аз ҷониби БОР пешниҳод намуд. Намояндаи БОР пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки масъалаи мазкурро барои баррасӣ ба БОР пешниҳод менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман ба фаъолият оғоз намуд.
Равзанаи ягона дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» таъсис ёфта, ба он 11 мақомоти дахлдори давлатӣ шомил мебошанд.
То моҳи апрели соли 2022 дар ин низом зиёда аз 2000 истифодабарандагон ба қайд гирифта шуда, 70 298 адад дархост ворид гардидааст, ки аз ин шумора 60 992 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ пешниҳод шудаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






