БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ ширкат намуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ҷаласаи 30-юми Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Нишастро Кумитаи давлатӣ оид ба илм ва техникаи Ҷумҳурии Беларус дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил ташкил кардааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ – аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ: Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Иттиҳоди байналмилалии академияи илмҳо, ҳамчунин фармоишгар — ҳамоҳангсози Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 Россотрудничества ва Оператори барномаи зикршудаи Бунёди «Сколково» иштирок доштанд.
Нишаст таҳти раёсати раиси ШБ ИТИ — раиси Кумитаи давлатии оид ба илм ва техникаи Ҷумҳурии Беларус Шличков С.В сурат гирифт.
Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба вазъи корҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар соҳаҳои илмию техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ мубодилаи афкор намуданд. Диққати асосӣ ба баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкории илмию техникӣ ва технологии давлатҳои аъзои ИДМ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, ҳамчунин ташаккули заминаи меъёрии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 равона карда шуд.
Дар лоиҳаи Консепсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он самтҳои афзалиятноки тараққиёти давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва технологӣ, ҳадафҳои муайян, вазифаҳо, принсипҳои асосии ҳамкории илмию техникӣ ва технологии давлатҳои аъзои ИДМ муайян карда шудаанд.
Ҳамчунин лоиҳаи Низомнома дар бораи тартиби аккредитатсия ва шартҳои иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 ва таҳрири нави Низомнома дар бораи оператори барнома тасдиқ карда шуданд.
Ҷаласаи навбатии 31-уми ШБ ИТИ моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, ки ҳамоиши он ба ҷаласаи кишварҳои узви СҲШ ва «Ҳафтаи инноватсия» бахшида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуданд. Фармон 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, бояд барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шуда, санҷиши фаъолияти марказу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзиши мавқеи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба рушд ва инкишофи илму маориф мусоидат мекунанд, оғоз ёфт. Ба Шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» дар якҷоягӣ бо шабакаи «Баҳористон» супориш дода шуд, ки таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ муаррифӣ карда шаванд.
Ба ҳукумати кишвар дастур дода шуд, ки барои олимону омӯзгорони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода, ҳамасола 15 нафарро бо ин ҷоиза қадрдонӣ намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






