БО ДАСТГИРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ФИЛМИ МУШТАРАК ДАР БОРАИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ БА НАВОР ГИРИФТА МЕШАВАД. Агентии миллии иттилоотии «УзА» оид ба Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбекистон ва Шӯрои IV директорони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо иштироки директори генералии Агентии кинематографияи Узбекистон Фирдавс Абдухолиқов, раиси созмони эҷодии Иттифоқи синамогарон Матёқуб Матҷанов, синамогарон Рашид Маликов, Лола Элтоева, Умед Искандаров, Нигина Анорбоева, Фурқат Усмонов, инчунин роҳбарони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон доир гардид, менависад Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА».
Дар доираи Рӯзҳои кинои Узбекистон ба тамошобинон филмҳои бадеии «101 парвоз», «Бир кунлик тӯй», «Туткунлик» ва филми ҳуҷҷатии «Матонат мактабӣ» намоиш дода шуданд. Ҳамаи филмҳои номбаршуда бо дархости Агентии кинематографияи Узбекистон ба навор гирифта шудаанд. Нахустнамоиши филмҳо дар шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шабакаи телевизионии «Синамо» намоиш дода шуд.
«Аз таърихи кинои узбек маълум аст, ки дар филмҳо тавозуни ҳаёти фарҳангию маънавии халқҳои мо ва наздикии анъанаҳои мо инъикос ёфтаанд»,- гуфт пас аз намоиши филми «Туткунлик» коргардон Рашид Маликов. Аз соли сипаригардида инҷониб муносибатҳои фарҳангӣ мустаҳкам шуда, дар Узбекистон ва Тоҷикистон рӯзҳои кино доир гардиданд. Корҳо оид ба эҷоди лоиҳаҳои муштарак оғоз ёфтанд. Мо хеле шодем, ки кинои узбек чун шумо мухлис дорад!».

ДАР АКС: ходимони кинои Узбекистон — иштироккунандагони Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон. Акс: УзА
Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон бори нахуст дар чаҳорчӯби маросими супоридани нахустин ҷоизаи миллии тоҷикӣ- «Тоҷи сомон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзои ҳайати Узбекистон низ ширкат намуда, ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим карданд.
Зимни боздид рӯнамо бахшида ба филми Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ баргузор шуд. Сипас, бо назардошти фикру андеша ва пешниҳодҳои ҳарду ҷониб консепсияи филм тасдиқ гардид.
«Ҷомӣ ва Навоӣ ифтихори халқи тоҷиканд. Дар бораи ин мутафаккирони бузург то ба ҳол ягон филми калони бадеӣ ба навор гирифта нашудааст, — гуфт директори китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Шодимуҳаммад Суфизода.- Филми нави бадеӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ, ки дар назар аст дар якҷоягӣ наворбардорӣ шавад, арҷгузории шоиста ба шахсият ва хотираи мутафаккирони бузург хоҳад буд. Аз ҷумла мо хеле хурсандем, ки коргардонҳои кишвари мо дар ин кор саҳм мегузоранд!».
«Барои филми мазкур маълумоти зиёде ҷамъоварӣ карда шудааст, бо муҳаққиқони узбеку тоҷик гуфтушунидҳо сурат гирифтаанд», — гуфт нависандаи филм Рустам Ҷабборов. – Дар асоси маълумоти аз онҳо гирифта сенария навишта шуда, зимни муҳокима лоиҳаи он маъқул дониста шуд».
Ёдовар мешавем, ки ғояи эҷоди филми муштаракро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни вохӯрӣ дар Душанбе баён дошта буданд. Сарони ду давлат аз пешниҳоди эҷоди филми муштараки бадеӣ дар бораи дӯстии гузаштагони бузурги мо — Навоӣ ва Ҷомӣ ҷонибдорӣ карданд.
Ҳама чорабиниҳо бахшида ба сафари ҳайат ва Рӯзҳои кинои Узбекистон тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос карда шуданд.
«УзА»
ДАР АКСИ БОЛО: боғи Алишер Навоӣ дар Душанбе. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






