Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия 5 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан оварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 ва 19 апрели соли равон бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Кимовскийи вилояти Тула қарор доранд, ба Ватан фиристода мешаванд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода.
5 апрели соли 2022 кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Кимовскийи вилояти Тула омада, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассиса аз наздик шинос гардиданд.
Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Сергей Тертичний масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.
Ба шаҳрвандон доир ба риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави ин кишвар маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маълум гардид, ки дар айни ҳол дар боздоштгоҳи мазкур 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 1 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид ва тавре иттилоъ додем 5 нафари дигар низ ҳафтаи оянда ба Ватан баргардонида мешаванд.
Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.
Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.
АКСҲО: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






