«БОХТАРФУД-2022». Дар маркази вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд Форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, ҳадафи форум- ин мусоидат ба содирот тавассути рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ мебошад. Барои иштирок дар форум бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва харидорон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
Дар доираи форум баргузории намоишгоҳи тиҷоратӣ, ташкили вохӯриҳои B2B ва B2G дар назар аст.
Барномаи форум ҷаласаҳоро оид ба марказҳои консолидатсионӣ, маркетинг ва пешбурди содирот, таъмини риояи стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ дар бар мегирад.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






