Бонки Эсхата барои дорандагони «Корти Ягона» иқдоми нав роҳандозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Эсхата барои дорандагони «Корти Ягона» иқдоми нав роҳандозӣ менамояд, ки мутобиқи он барои интиқоли пул ва харид дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ метавон соҳиби кешбэк шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶСК «Бонки Эсхата» хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом пас аз пардохти харид дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ баъд аз се рӯз ба корти дорандагони он 2% кешбэк интиқол дода мешавад. Ё дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ зимни пардохт тавассути QR бо интихоби «Корти Ягона» ба суратҳисоби бонусӣ дар «Эсхата онлайн» фавран 2% кешбэк мегузарад.
Ҳангоми қабули интиқоли пул ва ҳам зимни харид барои хона мизоҷон метавонанд аз ҳисоби кешбэк даромад ба даст оранд.
Иқдоми мазкур аз 20 апрели соли 2022 то 1 январи соли 2023 идома мекунад.
АКС: ҶСК «Бонки Эсхата»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






