Бонки Исломии Рушд барои дастгирии соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд

Апрель 15, 2022 09:26

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (БИР), ҳолати татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат 13 апрел дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар доданд аз вазорати мазкур.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷониби Бонки Исломии Рушд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, муаррифӣ намуда, гуфт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БИР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин З. Завқизода  аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб нисбат ба баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, иқтисоди сабз, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, саноат, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ зиёд карда шавад.

Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер омодагии худро барои дастгириву маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 284,6 млн доллар амалӣ мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Апрель 15, 2022 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид