Бори нахуст дар Тоҷикистон ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Тоҷикистон устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ДДТТ.
Ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра бо усули ҳибридӣ бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.
Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом карда, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.
Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бо сабаби тавассути ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда буд. Тибқи ташхис, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта, стеноз гардида буд.
Ҳоло ҳолати бемор хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.
АКС: ДДТТ








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






