Бори нахуст дар Тоҷикистон ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз анҷом дода шуд

Апрель 29, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Тоҷикистон устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ДДТТ.

Ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра бо усули ҳибридӣ бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.

Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом карда, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.

Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бо сабаби тавассути ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда буд. Тибқи ташхис, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта, стеноз гардида буд.

Ҳоло ҳолати бемор хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.

АКС: ДДТТ

Апрель 29, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад