БРИТАНИЯИ КАБИР БА ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ОМОДА АСТ. Имсол 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд

Апрель 26, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли равон 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир сафарбар мегарданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Диёр Норматов директории Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи мавсуф, аллакай 60 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои кишоварзӣ ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла раводид ба Британияро омода мекунанд.

«Тибқи эълони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон интихоб гардиданд, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро мо ба Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон пешниҳод намудем. Сипас аз ҷониби худи ширкат тариқи онлайни ба шаҳрвандон суҳбат намуда, 60 нафари онҳоро интихоб намуданд. Аз шаҳрвандон танҳо донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб карда мешаваду халос»,- гуфт мавсуф.

Ба гуфти Диёр Норматов, хараҷоти сафар аз ҷониби худи шаҳрвандон пардохт карда мешавад. Аз ҷониби корфармо ба тамоми шаҳрвандон ҷойи хоб ва корӣ доими таъмин мегардад.

Гуфта шуд, ки аллакаӣ 1000 нафар шаҳрвандон барои марҳилаҳои баъдии сафар номнавис гардиданд.

«Дар Британияи Кабир онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва дар як соат то 12 доллар маош мегиранд. Муҳлати шартномаи мехнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад», — гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барои ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба корҳои мавсимӣ дар самти кишоварзӣ ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки барои тасдиқ ба Парлумони Ҷумҳурии Корея ирсол гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд