Чор рассоми навраси тоҷик дар Форуми байналмилалии аниматсия дар Тошканд иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии аниматсия доир мегардад, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар рассоми наврас аз Мактаби санъати бачагонаи ба номи Дилором Баҳромоваи шаҳри Конибодом ва ду филми аниматсионии кӯтоҳи «Садои хомӯшӣ»— и коргардони тоҷик Фарҳод Ғаффорпур ва «Ҳувайдо»- и Лолисанам Улоғова дар он иштирок мекунанд.
Тавре директори Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Ғайратҷон Қодиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, чор навраси тоҷик- Аниса Сулаймонова, Суман Раҳматова, Мурод Бошмонов ва Ратмир Тухтабоев дар бахши кӯдакона ва ду филми аниматсионии кӯтоҳи «Садои хомӯшӣ»- и коргардони тоҷик Фарҳод Ғаффорпур ва «Ҳувайдо»- и Лолисанам Улоғова дар бахши калонсолон иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки филми аниматсионии кӯтоҳи «Садои хомӯшӣ» — и коргардон Фарҳод Ғаффорпур аввалин кори аниматсионии ӯ мебошад, ки давоми 6 моҳ сохта шудааст.
Дар Форум барои иштирокчиён ҳамоиш намоишҳои аниматсионии ватанию хориҷӣ, вохӯриҳои эҷодӣ ва барномаҳои дигар гузаронида мешаванд.
АКС аз Ғайратҷон Қодиров










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






