ЧОРМАҒЗ, БОДОМ, ПИСТА. Профессор Ҷаҳон Азонов ин се маҳсулотро арзишмандтарин, болаззаттарин ва муфидтарин номид

Апрель 21, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири стресс ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организ суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андазаи муайян шуда, писта, бодом ва чормағз истеъмол намояд. Чунин тавсия медиҳад, доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.

Мавсуф зикр намуд, ки истеъмоли мунтазами бодом, чормағзу писта метавонад, масуниятро баланд кунад, инчунин таъсири стресс ва фишори асабу бехобиро коҳиш диҳад. Илова бар ин чормағз дорои витаминҳои C ва E ва писта аз витаминҳои В, махсусан В6 бой аст. Пистаҳо каротиноидҳо (лютеин ва зеаксантин) доранд, ки барои нигоҳ доштани биниши хуб масъуланд. Каротиноидҳо инчунин барои тақвияти бофтаи устухон дар бадан, устухони дандон кӯмак мерасонанд.

Барои дастрасии аҳолии мамлакат ба чунин маҳсулоти табии фоидаовар ва витаминдор 30 март зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Агенти хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо он аз 15 бобу 60 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дарбар мегирад.

Тавре дар суҳбат бо мо сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн Саидзода иброз дошт, аз ҷониби олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта, чормағз, бодом ва дигар намуди меваҳо гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, зиёда аз 8 намуди писта ва чормағз дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат, Варзоб парвариш ва масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад. Танҳо соли гузашта дар майдони 150 гектра –чормағз, дар 355 гектра- писта шинонида шуд, ки минбаъд ба фаровонии бозор мусоидат мекунанд.

Мавсуф зикр намуд, ки Агентӣ дар доираи корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ҳамасола то 150 гектар чормағз бо роҳи шинонидани ниҳол, 180 гектар бодоми талхдона бо кишти тухмӣ, 350 гектар писта ҳам бо роҳи шинонидани ниҳол ва ҳам бо кишти тухмӣ гузаронида мешавад. Барои таъмини сабзиши ниҳолҳо бо назардошти гармшавии сартосари ва таъғирёбии иқлим, инчунин роҳҳо ва усулҳои нави шинонидани пистаро дар халтачаҳо ба роҳ мондаанд, ки ҳам сабзиши ниҳолҳоро таъмин менамояд ва ҳам харҷи тухми пистаро кам менамояд.

Ҳамзамон, аз тарафи ходимони илмии Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» омузишӣ навъҳои хушсифати дарахтони писта, чормағз корҳои тадқиқотӣ бурда истодааст, ки ин барои минбаъд зиёд намудани майдон ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо мусоидат менамояд.

Ба гуфти номабурда дар мамлакат майдонҳои пистазор — 81520 гектар, чормағз — 9594 гектар, бодоми талхдона — 18202 гектарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки чунин меваи аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Дар замонҳои қадим ин меваҳоро ҷавонкунанда организм меномиданд ва дар ИМА онҳо ба гурӯҳи якуми хӯрокҳои дорои хосиятҳои антиоксидантӣ шомил гардонидандд.

Профессор Ҷаҳон Азонов ҷиҳати шифобахшии ин се навъи меваро чунин шарҳ дод:

ЧОРМАҒЗ. Ватани аслии он Тоҷикистон аст, ки инро дигар давлатҳо бурда парвариш намуда, бо номи меваи ватанӣ худ муаррифӣ намудаанд. Дарахти чормағз бисёрсола буда, баландиаш ба 35 метр мерасад. Мағзи чормағз хеле серғизо ва бомаза аст. Дар он 52-78 фоиз равған, 12-20 фоиз сафеда ва то 20 фоиз углевод ва витаминҳо мавҷуд мебошад. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст.

Табиби машҳури Машриқзамин Аӯалӣ ибни Сино дар китобҳояш навиштааст, ки «шираи чормағзро ба гӯш чакконанд, пеши варамкуниро мегирад».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо дар таркиби мағзи он оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд буда, дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд мекунад, сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд тавсия намешавад.

ПИСТА. Дарахти он дар куҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва ғайра месабзад. Писта зеҳнро тез мегардонад, ҳолати майнаро сара нигох медорад, сурфа, дилтапак (дилбози), беҳузури (беҷо) шудани дил, дарди рудаҳо ва сардии ҷигарро дафъ мекунад, инчунин ҷигаррро аз моддаҳои бегона пок месозад.

Агар пистаро бардавом бихуранд, баданро фарбеҳ мекунад, меъда ва сари онро кувват мебахшад, хусусан бо пусти беруни он якҷо бихуранд, логарии гурда ва зардпарвинро бартараф мекунад. Агар онро пусти сабзи беруни он бихоянд, милк ва дандонро мустахкам мегардонад, даҳонро хушбуй мекунад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки дар як рӯз барои кори муқаррарии ҷигар ва гурда на бештар аз 30 грамм писта истеъмол карда шавад.

Аз ҷиҳати витаминҳо, писта аз витаминҳои В, махсусан В6 бой аст. Ин элемент нисбат ба ҷигари гов қариб бештар аст. Барои пур кардани истеъмоли ҳаррӯзаи витамини B6, калонсолон бояд дар як рӯз ҳамагӣ 10 дона писта бихӯранд.

БОДОМ. Ду навъи он мавҷуд аст — ширин ва талх. Мағзи бодоми ширин таъми мулоим ва хушмазза дошта, ба осонӣ аз бодоми талх фарқ карда мешавад. Он дардҳои синаву шикам ва сулфаи хушкро даво мебахшад.

Инчунин бодом барои дармони захми рӯда, масона ва шикамдард муфид аст.Онро бирёнкарда истеъмол намоянд меъдаро қави мекунад. Пӯсти бодом милку решаи дандонро тақвият мекунад.

Агар равғани бодомро бо оби гарм омехта карда бинӯшед, доруи хубе барои рафъи шикамдарди кӯдакон хоҳад буд.

Аммо табибон хурдани бештари онро аз 10 дона зиёд тавсия намедиҳанд.Зеро он барои меъдаҳои заъифу сард хуб нест ва ашхосе, ки меъдаи заиф доранд, беҳтар аст, бодомро бо шакар бихӯранд

Тақрибан 14 намуди бодоми гуногун, ки аз тамоми ҷаҳон омадаанд. Категорияҳои асосии бодом онҳое мебошанд, ки пӯсти мулоим доранд ва онҳое, ки пӯсти сахт доранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар» ва манбаи боз

Апрель 21, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд