Дар Анқара бахшида ба солгарди 30-юми барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон ва Туркия конфронс доир гардид

Апрель 15, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти минтақашиносии Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анқара 13 апрел бахшида ба солгарди 30-юми барқароршавии равобити дипломатии Тоҷикистон ва Туркия конфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов оид ба пайвандгари тамаддуни миллатҳои тоҷику турк – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуда, дар хусуси муносибатҳои босамари дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар тӯли 30 сол сухан гуфт.

Муовини ректори Донишгоҳ Ҳакан Туркчапар оид ба равобити дипломатии Тоҷикистону Туркия  дар замони муосир ва таърихи муносибатҳои халқҳо маърӯза кард.

Дар кори конфронс Директори Институти минтақашиносии Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анқара Мурат Баяр, кормандони сафорат, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар ҳошияи конфронс вохӯрии Сафир бо Ректори Донишгоҳи мазкур, профессор, доктор Муса Казим Араҷан сурат гирифта, ба китобхонаи Донишгоҳ китобҳои тарғибкунандаи Тоҷикистон тақдим шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати солгарди 30-юми барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ,

Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.

Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардумони ду ҷониб дар бар мегиранд.

Мо аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, ғояти қаноатмандии худро изҳор мекунем.

Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард.

Тоҷикистон  алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омода  аст дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз,

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.

Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо шуда, дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Ба шарофати робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи охир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким ёфта истодаанд.

Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардумони мо бояд минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз карда шаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, ки ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.

Мо омодаем, ки бо амалӣ намудани Шӯрои ҳамкорӣ миёни кишварҳо, ки дар солгарди 20-уми равобити дипломатӣ таъсис додаем, бо талошҳои муштарак ба ин раванд ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумонамон вусъат бахшем.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 15, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд