Дар Боку бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар Боку 25 апрел бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ иброз дошт, ки маҳз ба шарофати талошҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муносибатҳои тарафайн ба ҳусни тафоҳум ва эътимод асос ёфтаанд. Ин раванд барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон – мудири шуъбаи Маъмурияти Президент оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, собиқ Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магеррам Алиев, кормандони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, Директори Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ Фарид Шафиев, вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафирони Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Гурҷистон, роҳбарият ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Боку, Академияи дипломатии Озарбойҷон, кормандони Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, сиёсатшиносони маҳаллӣ, муҳаққиқони минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Trend хабар дода буд, Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд, ки роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон хабар дод.
Ба гуфтаи дипломат, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд. Дар радифи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар сафир афзуд, ки имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд. «Барои зиёд намудани ҳаҷми савдо миёни ду кишвар иқтидорҳои калон мавҷуданд. Фикр мекунам, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим гардиши мол ва ҳам тиҷоратро афзоиш медиҳад», — гуфт Рустам Солӣ.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






