Дар Боку бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон конфронс доир шуд

Апрель 28, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар Боку 25 апрел бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ иброз дошт, ки маҳз ба шарофати талошҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муносибатҳои тарафайн ба ҳусни тафоҳум ва эътимод асос ёфтаанд. Ин раванд барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон – мудири шуъбаи Маъмурияти Президент оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, собиқ Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магеррам Алиев, кормандони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, Директори Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ Фарид Шафиев, вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафирони Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Гурҷистон, роҳбарият ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Боку, Академияи дипломатии Озарбойҷон, кормандони Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, сиёсатшиносони маҳаллӣ, муҳаққиқони минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Trend хабар дода буд, Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд, ки  роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон  хабар дод.

Ба гуфтаи дипломат, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд.  Дар радифи ба роҳ мондани парвозҳои  мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар сафир афзуд, ки  имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ  қарор доранд. «Барои зиёд намудани ҳаҷми савдо миёни ду кишвар иқтидорҳои калон мавҷуданд. Фикр мекунам, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим гардиши мол ва ҳам тиҷоратро афзоиш медиҳад», — гуфт Рустам Солӣ.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 28, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд