ДАР ДОИРАИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» бо иштироки Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк аз тарафи соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов ба истифода дода шуд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Коргоҳи нави нони хушк бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз буда, 4 номгӯи маҳсулотро бо 8 таъм истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардонад. Сафи кормандони ин коргоҳ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 30 нафар расонида шуд.
Ёддовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» 7 сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхона дорои 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи хушк, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат буд. Дар ин корхона 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, зимни ифтитоҳи корхона аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба соҳибкор дастуру супоришҳои мушахас дода буд.
Соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов дар маросими кушодашавии навъҳои гуногуни коргоҳи нони хушки ин корхона изҳор намуд, ки “дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ беназир мебошанд. Дарстгириҳои пайвастаи ин шахсияти таърихӣ буданд, ки имрӯзҳо мо, соҳибкорон дар кори худ муваффақ ҳастем. Миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям ва минбаъд низ фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат саҳм мегузорам”.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






