Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба 30-солагии таъсиси он озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30–солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев миёни ҳашт факултети донишгоҳ озмуни “Факултети беҳтарин” оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба ДДХ хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи озмун ректори ДДХ, профессор Гулзорхон Юсуфзода зикр кард, ки чунин озмунҳои илмӣ – маърифатӣ, фарҳангӣ-варзишӣ ва эҷодию навоварӣ дар донишгоҳ давра ба давра амалӣ шуда, дар онҳо омӯзгорону донишҷӯён бо ҳам иштирок менамоянд. Яъне ин таҷрибаи аввалин аст, ки дар озмуну чорабиниҳо то таҷлили ду ҷашни бузург омӯзгорону шогирдон якҷоя маҳорату малака нишон медиҳанд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат ва суханрониҳояшон, алалхусус зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мешуморанд. Аз ин рӯ, дар самти мазкур дар назди аҳли маориф ва илм вазифаҳои басо муҳиму масъулиятнок меистанд”, — гуфт Г. Юсуфзода.
Зикр шуд, ки масъалаи тарбияи сиёсӣ – маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон аз унсурҳои асосии тарбияи наслҳо мебошад. Яъне вақте ҷавонон умеди фардо, неруи созанда ва захираи стратегии миллату давлат арзёбӣ мешаванд, ин ҳарфҳои хушку холӣ набуда, балки аз наслҳои ояндасоз вобаста будани ҳастии миллату давлатро баён мекунад. Зеро давлате, ки аз ояндаи ҷавононаш меандешад, дар асл ояндаи дурахшони миллату давлатро таъмину устувор менамояд. Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ чун маркази таълимӣ – тарбиявӣ дар роҳи сисолаи инкишофи хеш ин рисолати таърихиро давра ба давра иҷро карда, феълан дар меҳвари андешаи миллӣ ва талаботи замони муосир ба таълиму тарбияи ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ саҳми доктори илмҳои таърих, профессор, академики шодравон Моёншо Назаршоев бағоят бузург мебошад. Бесабаб нест, ки донишгоҳ ба номи ин фарзанди барӯманд ва сарсупурдаи миллат гузошта шудааст. ДДХ зодаи истиқлоли давлатӣ буда, бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1992 таъсис ёфта, аз якуми октябри ҳамон сол ба фаъолият оғоз кардааст.
АКС: ДДХ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






