Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба 30-солагии таъсиси он озмун оғоз гардид

Апрель 24, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 24.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30–солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев миёни ҳашт факултети донишгоҳ озмуни “Факултети беҳтарин” оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба ДДХ хабар медиҳад.

Зимни ифтитоҳи озмун ректори ДДХ, профессор Гулзорхон Юсуфзода зикр кард, ки чунин озмунҳои илмӣ – маърифатӣ, фарҳангӣ-варзишӣ ва эҷодию навоварӣ дар донишгоҳ давра ба давра амалӣ шуда, дар онҳо омӯзгорону донишҷӯён бо ҳам иштирок  менамоянд. Яъне ин таҷрибаи аввалин аст, ки дар озмуну чорабиниҳо то таҷлили ду ҷашни бузург омӯзгорону шогирдон якҷоя маҳорату малака нишон медиҳанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат ва суханрониҳояшон, алалхусус зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мешуморанд. Аз ин рӯ, дар самти мазкур дар назди аҳли маориф ва илм вазифаҳои басо муҳиму масъулиятнок меистанд”, — гуфт Г. Юсуфзода.

Зикр шуд, ки масъалаи тарбияи сиёсӣ – маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон аз унсурҳои асосии тарбияи наслҳо мебошад. Яъне вақте ҷавонон умеди фардо, неруи созанда ва захираи стратегии миллату давлат арзёбӣ мешаванд, ин ҳарфҳои хушку холӣ набуда, балки аз наслҳои ояндасоз вобаста будани ҳастии миллату давлатро баён мекунад. Зеро давлате, ки аз ояндаи ҷавононаш меандешад, дар асл ояндаи дурахшони миллату давлатро таъмину устувор менамояд. Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ чун маркази таълимӣ – тарбиявӣ дар роҳи сисолаи инкишофи хеш ин рисолати таърихиро давра ба давра иҷро карда, феълан дар меҳвари андешаи миллӣ ва талаботи замони муосир ба таълиму тарбияи ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ саҳми доктори илмҳои таърих, профессор, академики шодравон Моёншо Назаршоев бағоят бузург мебошад. Бесабаб нест, ки донишгоҳ ба номи ин фарзанди барӯманд ва сарсупурдаи миллат гузошта шудааст. ДДХ зодаи истиқлоли давлатӣ буда, бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1992 таъсис ёфта, аз якуми октябри ҳамон сол ба фаъолият оғоз кардааст.

АКС: ДДХ

Апрель 24, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд