Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илм бинои Институти астрофизика ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимони ҷумҳурӣ дар назди нимпайкараи яке аз бунёдгузорони Академияи фанҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Сипас, бо иштироки намояндагони ҳукумат ва олимони мамлакат бинои маъмурии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ифтитоҳ гардид. Бино бо тарҳи муосир аз ҷониби ширкати ватании «Авесто-гурӯҳ» сохта шуда, аз чор ошёна иборат аст. Ошёнаи якуми бино аз осорхона, хобгоҳи олимони ҷавон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кориро дар бар мегирад. Дар ошёнаи сеюм маъмурияти Институт фаъолият карда, ошёнаи чорумро толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои тадрисӣ фаро гирифтаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Институти астрофизика Фирӯза Раҳматуллоева иброз дошт, ки 60 фоизи кормандони институтро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бинобар ин дар ошёнаи якум барои онҳо хобгоҳ таҳия гардидааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ берун аз бинои маъмурӣ дар расадхонаҳо ва пойгоҳҳои илмии Институти астрофизика, чун «Санглох» ва «Ҳисор» анҷом пазируфта, сафи кормандони соҳибтахассус дар бинои маъмурӣ 27 нафарро ташкил медиҳад.
Баъди ифтитоҳи Институти астрофизика дар Академияи миллии илмҳо маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик табрик намуда, нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъкид сохт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки таъмини рушду тараққии мамлакатамон аз бисёр ҷиҳат аз шакли фаъолияти илмии олимони АМИТ вобаста мебошад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки «илм аз омилҳои асосии рушди инсон маҳсуб мешавад. Бинобар ин, агар инсон фарогири илм бошад, дар ҳаёти ҳамарӯза, ҳатто дар зиндагии инфиродияш мушкилиҳо кам ба назар мерасанд».
Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба олимоне, ки сазовори ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста дар соли 2022 шудаанд, дипломҳо супорида шуданд. Ба гурӯҳи олимоне, ки соли гузашта дастовардҳои назарраси илмӣ доштанд, ифтихорномаи АМИТ супорида шуд.
Инчунин як гурӯҳ кормандони раёсати АМИТ ва муассисаҳои илмии зертобеъ бо дипломҳо қадрдонӣ шуданд.
АКСҲО: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






