Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид

Апрель 8, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор гардид, ки дар он аз миёни 403 иштирокчии даври ноҳиявӣ 80 нафар бо гирифтани холҳои мувофиқ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта, миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмуни мазкур аз рӯйи номинаҳои «Барномасозӣ», «Меъморӣ», «Моделсозӣ», «Радиоэлектроника», «Робототехника», «Сайёҳӣ – кишваршиносӣ» ва «Табиашиносӣ» доир гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ –ғолибони даври ноҳиявии озмун сабқат хоҳанд кард.

Дар маросими ифтитоҳи озмун масъулини баргузории он, аз ҷумла сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳайати ҳакамон ва довталабони даври шаҳрии озмун ширкат намуданд.

Нахуст паёми шодбошии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни озмун ироа карда шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарафароз карда мешаванд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолиб мешаванд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номина дар алоҳидагӣ муқаррар гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҳайати ҳакамони он аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ходимони намоёни илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Озмун аз рӯйи шартҳои супоридани корҳои тестиву хаттӣ аз рӯйи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои илмиву эҷодӣ аз рӯйи номинаҳои алоҳида сурат гирифта, то 11 апрел идома меёбад.

Дар назар аст, ки ҷамъбаст ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он дар арафаи Рӯзи пойтахт баргузор карда шавад.

АКСҲО: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 8, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд