Дар Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорати мазкур.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки ҳадафи муаррифии дурнамо иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ
таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.
Зикр шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар анҷом аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дурнамои соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар шакли рӯнамо муаррифӣ гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.










Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






