Дар Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид

Апрель 27, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи   кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорати мазкур.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки  ҳадафи муаррифии дурнамо иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ

таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.

Зикр шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.

Дар анҷом аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дурнамои соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар шакли рӯнамо муаррифӣ гардид.

        АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Апрель 27, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид