Дар Душанбе рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (СЕКО) Ришар Шеневар дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки «ояндаи наздик сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бояд дар се самт — пешбурди содирот, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо амалӣ карда шавад».
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муҳокима карданд.
Инчунин А. Абдураҳмонзода ҷиҳати пайгирии ҳамкории иқтисодию иҷтимоии дуҷониба баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тарафҳоро дар соли равон мувофиқи мақсад шуморид.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария дар самти рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Портали савдои Тоҷикистон сухан гуфта, ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда пешниҳодҳо намуд.
Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таклифҳо барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба амал оварда шуданд.
Намояндагони СЕКО пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро пазируфта, зикр намуданд, ки аз ҷониби ин кишвар Барномаи нав дар самти рушди занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ мавриди таҳия қарор дошта, дар доираи он дар қатори дигар кишварҳо ба роҳ мондан ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигаронидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






