Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон, такмил ва бозомӯзии кормандони Хадамоти гумрук, лоиҳаи Созишнома оид ба ташрифи волонтёрони Ҷопон ба Тоҷикистонро матраҳ намуданд.
Хуршед Каримзода зикр намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар асоси санадҳои ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони ҷаҳонии гумрук ба роҳ монда шудааст.
Хуршед Каримзода роҷеъ ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаи фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст, ибрози назар намуд.


Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон аз соли 1993 то ба имрӯз 29 нафар намояндагони хадамоти гумруки Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии худ дар курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар Ҷопон иштирок намуданд. Инчунин ду нафар кормандони мақомоти гумрук дар курсҳои мазкур дар Ҷопон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар соҳаи идоракунии давлатӣ тарбия ёфтаанд.
Зимни татбиқи марҳилаи аввал дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон», ки донори он Ҳукумати Ҷопон тавассути JICA мебошад, гузаргоҳи сарҳадии Лангар муваффақона ба истифода дода шуда, таҷдиди гузаргоҳҳои мавҷуда тавассути бунёди модулҳои иловагии назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ (дар гузаргоҳҳои «Тем», «Рузвай» ва «Ишкошим») ва воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва зарурӣ амалӣ гардид.
Ҳоло дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюм тарҳи сохтмони гузаргоҳи нави «Кокул» дар ноҳияи Фархор ба маблағи 1,6 миллион доллари амрикоӣ идома дорад.
АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






