Дар Хуҷанд донишҷӯёни Бӯстонро ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи мултимедӣ ташвиқ карданд

Апрель 9, 2022 10:47

ДУШАНБЕ, 09.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бо донишҷӯёни шаҳри Бӯстон, ки дар муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд таҳсил мекунанд, баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, ба соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтани мактабҳои нав, ғанӣ гаштани пояи моддӣ-техникии таълиму тарбия, афзудани шумораи мактабҳои шакли нав, таҳия ва нашри нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, коркарди стандартҳои нав дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши фазои иттилоотӣ ва ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ ворид шудани низоми таҳсилоти миллӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия падидаҳои неки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯён аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони спидентияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 400 ба 3000 адад ва барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 ба 500 адад боло бурда шуд, ки нишони баланди қадрдониву ҳавасмандгардонии ҷавонон аз ҷониби Пешвои ҷавонпарвари мо мебошад.


Мавсума Муинӣ ба донишҷӯён дар илмомӯзӣ ва фаъолияташон барору комёбӣ орзу карда, онҳоро даъват кард, ки чун ҷавонони бонангу номуси шаҳри Бӯстон бо истифода аз шароити муосири  арзанда дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ фаъолият намуда, донандагони таърих, забонҳои хориҷӣ ва технологияи мултимедӣ бошанд, то дар пешрафт ва ободии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.

Дар хатми мулоқот ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли шаҳри Бӯстон, ки шашмоҳаи  аввали соли таҳсили 2021-2022-ро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон супорида шуд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 9, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд