Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва пирони кор кишти чигит оғоз ёфт

Апрель 4, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз боду ҳавои мусоиди моҳи апрел  дар хоҷагиҳои деҳқонии  «Мурутак» ва «Холмаҳмад Қараев»-и шаҳри Ҳисор кишти чигит оғоз гардида, дар ин маъракаи кишоварзӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, пирони кор  ва деҳқонону хоҷагидорон иштирок намуда, ба деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи «тиллои сафед» барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Дар деҳаҳои Чанори Ҷамоати деҳоти «Ориён» ва Гулхании Ҷамоати деҳоти «Ҳисор» муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо фаъолони ҷамоатҳо мулоқот намуда, мақсади сафарашро шиносоӣ бо омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маънидод намуд.

Раисони ҷамоатҳои деҳот оид ба ҷараёни корҳои баҳорӣ, сохтмону ободонӣ ва омода намудани нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлати маълумот дода, муовини Сарвазири мамлакатро бовар кунониданд, ки ба ҷашни мубораки истиқлол омодагии ҳамаҷониба гирифта, бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ин санаи таърихиро истиқбол мегиранд.

Муовини Сарвазири мамлакат дар мулоқот бо фаъолони ҷамоатҳо вобаста ба ташаннуҷи авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, баланд гардидани нарху наво дар ҷаҳон ва кишвар сухан гуфта, онҳоро аз пайомадҳои эҳтимолии он огоҳ намуд. Барои коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонӣ ба зиндагии мардум Матлубахон Сатториён истифодаи самараноки ҳар ваҷаб қитъаи замин, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», зиёдаравӣ накардан, инчунин муттаҳидию аҳлона меҳнат карданро таъкид карда, тавсия ва маслиҳатҳои судманд дод.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, эмгузаронӣ ба муқобили бемории COVID-19, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо зиёд кардани миқдори иншооти зарурии иҷтимоӣ дар деҳот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва сари вақт ба анҷом расонидани кишту кори баҳорӣ баррасӣ гардида, ба масъулин  дастуру супоришҳо дода шуд.

Муовини Сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар деҳаи Мурутак вориди ҳавлии сокинони деҳа Холмурод  Назаров ва Баҳриддин Давлатов шуда, бо корҳои деҳқонӣ ва ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳот шинос шуданд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

 

Апрель 4, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард