Дар Истанбул гардиши савдо ва раванди ҷалби сармояи мустақими туркиро ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар/. 8 апрел дар Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар, пеш аз ҳама, гардиши савдо ва раванди ҷалби сармояи мустақими туркиро ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноатро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мувофиқаҳо ҳосил гардиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи бонкдорӣ ва энергетика форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ давоми соли ҷорӣ ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 ноябри соли 2021 дар Анқара бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷаласаи корӣ ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои саривақтӣ ва самараноки татбиқи нақшаи амали муштараки он баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умедҷон Солеҳзода иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур инчунин масъулини вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шакли маҷозию ҳузурӣ иштирок намудаанд.
Зимни мулоқот иштирокчиён роҳҳои татбиқи бандҳои дахлдори нақшаи амали зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин санадҳои дар доираи ҷаласаи Комиссия ва Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия имзошударо баррасӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи навбатии Комиссия дар шаҳри Анқара дар соли 2022 сурат гирифт.
АКСҲО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия









Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






