Дар Кӯлоб бо мақсади рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълим машварат доир гардид

Апрель 2, 2022 11:31

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 31 март дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб семинар-машварат доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар машварат раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, масъулину кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Нахуст иштирокдорони машварат аз намоиши илмӣ ва корҳои эҷодии омӯзгорону хонандагони Литсей бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  дидан намуданд.

Раиси  шаҳри Кӯлоб зимни  суҳбат бо хонандагону навоварони ин муассиса  зикр кард, ки онҳо  бояд донишу маҳорат ва истеъдоди  худро  сайқал дода, ба  комёбиҳои бештар ноил гарданд.

Инчунин раиси шаҳр бо шароиту имконоти донишомӯзии хонандагон шинос шуда, аз  хобгоҳи хонандагон дидан намуд. Зикр шуд, ки  дар Литсей барои таълиму тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, синфхонаи компютерии Литсей ба шароити имрӯза ҷавобгӯ буда, барои сайқал додани донишу малакаи хонандагон нақши муҳим дорад.

Пас аз шиносоӣ аз вазъи ин таълимгоҳ раиси шаҳр дар толори Литсей дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои шаҳр оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, сохтмону бунёди муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ сухан намуд.

Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки маориф самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа маҳсуб шуда, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар саросари мамлакат, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб сохтмону навсозии  муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфта, шароити кори омӯзгорон ва таҳсили хонандагон ба маротиб беҳтар гардида истодааст.

-Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат роҳбарият ва омӯзгорони бомасъулияту поквиҷдони шаҳри Кӯлобро мебояд дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ ва тарбияи фарзандони халқ дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд, — таъкид намуд Бахтиёр Назарзода.

Дар идомаи мулоқот муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила Ҳотам Асозода, инчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати паҳлуҳои дигари рушди соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани шогирдони лаёқатманд, хониши хубу аъло, завқи баланди илму донишандӯзӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ як қатор омӯзгорон ва хонандагони фаъоли иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявиро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 2, 2022 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад
Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад