Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд

Апрель 8, 2022 13:07

ДУШАНБЕ, 08.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Тавре директори китобхонаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб Фаррух Бурҳонов иброз дошт, дар фестивал намоиши китобҳои нав, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон таҳти шиору овезаҳо ва панду ҳикмат хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳо ба оғози ҳафтаи Фестивал ҳусни шаҳомати тоза бахшид.

Мудири шуъбаи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳим Одинаев зимни суханронии худ дар фестивал тазаккур дод, ки «ҳадафи баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва дар ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ мебошад».

Гуфта шуд, ки вазифаи асосии фестивал арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ – оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо дар ҳамкорӣ бо падару модарон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, бедор намудани майлу рағбат ба шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад.

Дар фестивал кӯдакони кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ ва рақсҳои ҷаззоби худ хотири тамошобинонро болида гардониданд.

Дар фарҷоми фестивал ба кӯдакони фаъол аз ҷониби масъулини китобхонаи кӯдакон сипоснома ва ифтихорнома супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!»  2 апрел дар саросари ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта доир шуда, пагоҳ, 9 апрел, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва супоридани туҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъол ҷамъбаст мегардад.

АКС аз муаллиф

Апрель 8, 2022 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад